Ҳалокати ду нафар дар як садама дар ноҳияи Восеъ

Дар бархӯрди ду мошин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ду нафар ҷон бохтанд ва се тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Сабаби садама риоя нашудни қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо буд.
25 августи соли 2023 тахминан соати 23:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Мошини сабукрави тамғаи «Opel Astra», ки ба ронандаи 40-солаи он мутааллиқ буд, бо мошини тамғаи «Mercedes Benz Sprinter», ки аз ҷониби соҳиби 32-солаи он, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб идора мешуд, бархӯрд.
Бар асари ин садама ду нафар: ронанда ва мусофири мошини "Опел Астра" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва се нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Восеъ интиқол дода шуданд.
Барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кӯлоб фиристода шуданд. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус аз дохили мошини маҷақшуда ҷасади
ҳалокшудагонро берун оварданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд, баланд будани суръати ҳаракат ҳамеша ба ҷони шумо хатар дорад!

барчасп: