Сел дар ноҳияи Айнӣ роҳро муваққатан баст

25 августи соли 2023 тахминан соати 17:10 дар километриҳои 110-115 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави деҳаи Пете ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддат сабабгори омадани сел дар ин минтақа шуданд. Дар натиҷа роҳ пур аз сангрезаву регу шағал шуд. Роҳро бастанд.
Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар надошт.
Барои бартараф намудани паёмадҳои сел ва ба роҳ мондани ҳаракати мошинҳо ширкати роҳи «IRS» ду техникаи муҳандисиро ба макони офат равон кард.
Соати 18:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин гардид.

барчасп: