Зарфи шаш моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 (соли 2022 – 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд. Ба асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дид.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки ба хонаводаҳои зарардида кумакҳо дар шакли маводҳои сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ҷудо карда шуда, ба ноҳияҳо бурдаву миёни ниёзмандони тақсим карда шуданд.
Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то зуҳри имрӯз бо ҳузури гарми хабарнигорони ватаниву хориҷӣ дар бинои Кумита баргузор шуд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки сарфи назар аз рейдҳои пайваста, дидору мулоқоти кормандону мутахассисони КҲФ бо сокинон, муроҷиат аз тариқи радио, телевизион, сомонаи Кумита мутаассифона, дар иншоотҳои обии кишвар одамон ба ҳалокат мерасанд. Бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар рӯду кӯлҳо ва каналҳо 87 нафар (соли 2022 84) ҷон бохтанд. Аз ин миқдор 10 нафар дар ВМКБ, 22 нафар дар вилояти Суғд, 32 нафар дар вилояти Хатлон ва 16 нафар дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 7 нафар дар шаҳри Душанбе.
Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафар кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафар аз 17-сола боло буданд.
Раиси КҲФ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулода гуфт: Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2023 наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуданд, ҳамчунин корҳои зерини садамавиву наҷотро ба анҷом расонданд: Чунончӣ, имдодгарони КҲФ ба 442 (соли 2022 – 389) даъвати фаврӣ посух доданд, ки бар асари он 116 нафар наҷот дода шуданд.