Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти обуҳавосанҷон рӯзҳои 8-9 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонон бо эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои эҳтиётиву бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Сокинон бояд талош кунанд селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои пеши хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то сел роҳи озоди бурунрафт дошта бошад.
Рафтан ба шикоргоҳу моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму рустаниҳои доруворӣ маслиҳат нест.
Ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардиву сайёҳон бояд ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро риоя намоянд.
Ҷони худу ҳамсафарони худро эҳтиёт кунед!