28 августи соли 2023, тахминан соати 01:10 бар асари боришоти зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел омад, ки дар натиҷа километрҳои 94 ва 96 дар наздикии мавзеъи Қумоқ, километрҳои 113 ва 115-ум, ки аз ҳудуди мавзеъи Ҳамаланго мегузарад ва километри 140, ки аз наздикии Сари Қоши ноҳияи Нуробод убур мекунад, зери об монд ва ҳаракати нақлиёт барои як муддат боздошта шуд.
Барои барқарор кардани ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаҳо Хадамоти роҳи ноҳияи Нуробод ба ҷои ҳодиса 3 адад техникаи муҳандисиро сафарбар намуда, соати 13:05 роҳ кушода ва ҳаракати нақлиёт таъмин карда шуд.
Дар рустои Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳробод ва деҳаи Зорони ҷамоати деҳоти Муҷихарф низ сел ба заминҳои наздиҳавлигӣ, каналҳои обёрӣ, пулҳо хисорот ворид кардааст. Дар ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Феълан дар ҷои ҳодиса Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари арсида муайян карда мешавад.
28 августи соли 2023, тахминан соати 14:10 дар деҳаи Гулистон-2-и ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи Гулафшон-3-и ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон лою сангу рег шаш китъаи наздиҳавлигии сокинони маҳалро пӯшид
Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
28 августи соли 2023, тахминан соати 14:40 дақиқа бар асари боришоти борони зиёд ва жола дар ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаҳои 18-Ҳизб ва Партези ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз селроҳаҳо сел омад, ки дар натиҷа ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон қисман зарар расонд.
Бар асари офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон ба системаи обтаъминкунӣ низ зарар расид.
Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Талафоти ҷониву хисорооти дигар нест.
28 августи соли 2023, тахминан соати 13:00 дақиқа бар асари боришоти борони зиёди кутоҳмуддат дар ҷамоати деҳоти Ватан деҳаи Кӯҳдоман-1 аз селроҳаҳо сел омада, дар натиҷа зиёда аз 100 сар моли хурд талаф ёфта ва ба 3 адад заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон лойоба даромад.
Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад ва ҳаҷми зараи арсидаро муайян мекунад.