Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади боз 4 нафарро пайдо карданд

28 августи соли 2023 бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиие, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат рух додааст, корҳои зерин анҷом дода шуданд:

- бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ ба таври ҳашар хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розик, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит, инчунин 25 бинои истиқоматӣ аз лою лойоба пок карда шуданд. Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади 4 шаҳрванд, аз ҷумла 3 зан ва 1 мардро пайдо кардаанд. Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти роҳи автомобилии шаҳри Ваҳдат барои тоза кардани гил ва санг 6 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб карда шуданд. Роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит пурра аз гил ва сангу регу шағал тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

барчасп: