Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии осебдида

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 27 августи соли 2023, тахминан соати 18:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Ҳабутаки ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел ба таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва 13 иншооти ёрирасон ворид шуда, зарар расонд. Бар асари ин сели харобкор 8 километр роҳи маҳаллӣ ва як сутуни интиқоли қувваи барқ хароб гардид. Дар ин офати табиӣ 48 сар чорвои калони сокинон талаф ёфт.

Шумори куштагони сел дар рӯзҳои охир ба 21 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон дар селҳои ахир дар кишввар ба 21 нафар расид. 17 нафар дар селҳои шаҳри Ваҳдат ҷон бохтанд, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафари дигар дар ноҳияи Варзоб ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии Кумита барои бартараф намудани паёмадҳои...

Мизи гирди дурӯзаи «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All)

29 августи соли 2023 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, бо иштироки Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, хонум Парвати Рамасвамӣ, нишасти мизи гирди дурӯзаи “Огоҳии бармаҳал  барои ҳама” (EW4All), ки аз ҷониби Дабири кулли СММ пешниҳод шуда буд, ба кори худ оғоз кард.

Дирӯз ҳам сел омаду омад...

28 августи соли 2023тахминан соати 01:10 бар асари боришоти зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел омад, ки дар натиҷа километрҳои 94 ва 96 дар наздикии мавзеъи Қумоқ, километрҳои 113 ва 115-ум, ки аз ҳудуди мавзеъи Ҳамаланго мегузарад ва километри 140, ки аз наздикии Сари Қоши ноҳияи Нуробод убур мекунад, зери об монд ва ҳаракати нақлиёт барои як муддат боздошта шуд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади боз 4 нафарро пайдо карданд

28 августи соли 2023 бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиие, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат рух додааст, корҳои зерин анҷом дода шуданд:

- бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ ба таври ҳашар хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розик, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит, инчунин 25 бинои истиқоматӣ аз лою лойоба пок карда шуданд....

Страницы