Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии осебдида

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 27 августи соли 2023, тахминан соати 18:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Ҳабутаки ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел ба таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва 13 иншооти ёрирасон ворид шуда, зарар расонд. Бар асари ин сели харобкор 8 километр роҳи маҳаллӣ ва як сутуни интиқоли қувваи барқ хароб гардид. Дар ин офати табиӣ 48 сар чорвои калони сокинон талаф ёфт.

Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ оғоз гардида, айни замон идома доранд. Бо техникам вазнини муҳандисӣ 4,5 километр роҳи байни деҳаҳо тоза карда шуда, биноҳои ёрирасон аз хоку шағал пурра тоза карда шуданд. Инчунин, кормандони шабакаҳои барқ хатҳои интиқоли барқи ноҳияро пурра барқарор намуда, ҳоло сокинони шаҳр бо нерӯи барқ ​​таъмин гардиданд.

Рӯзи 30 августи соли ҷорӣ 20 нафар низомиёни яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии техникаи махсус ба  корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар километри 21-уми шаҳри Душанбе - Роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди деҳаи Ғусғарфи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб мегузарад, идома доданд.

Инчунин, бо кумаки техникаи муҳандисии КҲФ ва хадамоти роҳи ноҳия дар ҳудуди деҳаи Гулбоғ-2-и ҷамоати деҳоти Чорбоғ корҳои поксозӣ анҷом дода шуд.

Айни замон тавассути кори дастаҷамъона бо ҷалби сокинони маҳаллӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. 

барчасп: