Гузашта ва имрӯз

Наврӯз сапедадами ҳастист...

Наврўз, ки бо номи ҷашни Фарвардин, Наврӯзи Ҷамшедӣ шўҳратёр аст, муҳимтарин ҷашни миллии мост. Умумитарин аст, зеро Наврўз марзе намешиносад ва аз ҳар дару деворе ба сарзамини биҳиштосои мо ворид мешавад ва тамоми қавму мазҳабро дар ин сарзамини бостонӣ яксон шодмон месозад. Наврўз бузургдошти ростию ҳақиқат ва марзу буми сарзамини кўҳан, нишонаи мардуми накўкор ва накўсиришт аст!

Сада санои Офтоб аст...

«Миллати тоҷик  соҳиби  ойну  суннатҳои бостонӣ  ва  фарҳангӣ  буда, дар тамаддуни  ҷаҳонӣ  саҳми  сазовор  гузоштааст. Суннату  ойнҳои  нек ва  ҷашнҳои  миллии  мо, мисли  Наврўз , Меҳргон  ва  Сада  дар тўли  таърих барои  тарғиби ахлоқу  маънавиёти  созанда  хизмат  кардаанд. Аз ин рӯ, зарур  аст, ки дастовардҳои  маънавию моддии  мардуми  шарифи  мо ба  феҳрести  умумиҷаҳонии Юнеско ворид  гарданд ва нақши...

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар феҳристи ЮНЕСКО

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин обеъектҳо, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд.

Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад...

Сада то асрҳои Х-ХI ҳар сол ҷашн гирифта мешуд, лекин баътар, тадриҷан аз байн рафт. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Имрўз ҷашнҳои мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.

Хусрав Нозирӣ. Деваштич, Баҳроми Гӯр ва Амир Ҳасанак ба ҳам чи муносибате доранд?

Ҳамаи мо бо Баҳроми Гӯр, Деваштич ва Амир Ҳасанак, ки дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи вежа доранд, камобеш ошноӣ дорем. Ин се шахсияти номдор дар давраҳои гуногуни таърихӣ (байни ҳар яке аз онҳо ба тартиб тақрибан 300 сол фосилаи замонӣ вуҷуд дорад) ва маконҳои мухталифи ҷуғрофӣ (Эрони Ғарбӣ, Фарорӯд ва Хуросон) зистаанд ва муҳити забониашон (порсии миёна, суғдӣ ва форсӣ) низ бо ҳам фарқ мекард.

Страницы