Гузашта ва имрӯз

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Чаро мо онро ҳуҷҷати тақдирсози миллат меномем?

Бисту шаш сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад»

Ширинтарин ва шевотарин забон...Рӯзи забон муборак!

Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн

Академик Мусо Диноршоев дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар бораи ӯ чӣ медонем ва чиро бояд донем?

Диноршоев Мўсо 7 ноябри 1934 дар деҳаи Арзинги водии Вахё (Тавилдара, ҳоло ноҳияи Сангвор) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1949-1954 донишҷўи Омўзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7 солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954-1959), донишҷўи факултети таъриху  филологияи  Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Аҳмад – махдуми Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла. (таваллуд –1242 ҳиҷрӣ, вафот 1314).

Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад...

Саразми бостонӣ ва таърихи он

Шаҳри Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои

Страницы