Ширинтарин ва шевотарин забон...Рӯзи забон муборак!

Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошўрӣ ва русии қадим.

Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гўиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Имсол 30-солагии «Иди забон» ҷашн гирифта мешавад.

Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрўзро ҳамчун «Рўзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Ин иқдом дар ҳамон замон саривақтӣ дониста шуд. Зеро коршиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад.

Мувофиқи натиҷаи омори дар соли 2005 гузаронидашуда айни замон дар рўйи замин тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд аст. Аз ҳама забонҳои серистеъмол ин забонҳои англисӣ, форсӣ, чинӣ, испонӣ, русӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҳиндӣ, португалӣ, малайӣ, итолёвӣ, туркӣ, бенгалӣ, куриёӣ мебошанд. Хати аз ҳама зеботарин хати арабӣ дониста шудааст.

Аз ҳама кишвари серзабон ин Ҳиндустон мебошад. Аҳолии ин мамлакат бо 845 забон ва шева гуфтугў мекунад. Соли 2009 нашри нави «Харитаи забонҳои нобудшаванда, ки зери хатар қарор доранд», интишор ёфт. Дар он оварда шудааст, ки айни замон тақрибан 2500 забонҳои дунё зери хатари нестшавӣ қарор дорад. Дар ҳоле, ки дар соли 2001 ин нишондиҳанда танҳо ба 900 баробар буд. Забоншиносон қайд мекунанд, ки агар сатҳи ҷараёни нестшавии забонҳо паст нашавад, пас дар асри 21 тақрибан 90%-и забонҳои дунё ба коми нестӣ меравад. Албатта нестшавии забонҳо ин раванди табиӣ мебошад, аммо чунин сатҳи нестшавӣ, ки ба суръати кайҳонӣ сурат гирифта истодааст, барои ҷаҳони имрўза хатари ҷиддӣ дорад. Ҳаминро ба назар гирифта Созмони байналмилалии ЮНЕСКО соли 2019-ро Соли байналхалқии забонҳои бумӣ эълон намуд.

Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошўрӣ ва русии қадим.

Бо нест шудани як забон, як фарҳанг низ аз байн меравад.  

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст.

Мақому манзалати сухан ҳанўз аз давраҳои қадим ба забони авестоӣ қайд карда шудааст, ки бо андарзҳои пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек (ҳумата, ҳухта, ҳваршта) ифода ёфтааст.

Дар китоби «Инҷил» ҳам ба мақоми сухану калом баҳои баланд дода шудааст: «Дар ибтидо калом буд ва калом бо Худо буд. Он дар ибтидо бо Худо буд. Ҳама чиз ба воситаи ў ба вуҷуд омад ва ҳар он чӣ вуҷуд ёфт, бе ў вуҷуд наёфт».

Дар китоби Қуръони Карим низ мақоми сухан хеле боло омадааст. Дар Сураи Исро омадааст, ки: «Ва ба бандагони ман бигў, ки калимаеро бигўянд, ки он беҳтар аст» [17, 53].

Ё худ: “Ҳаройина қиёми шаб дар мувофиқати забон бо дил зиёдатар аст ва дар талаффузи алфоз дурусттар” [73, 6]

Бузургон дар васфи забон ва сухан беҳтарин андарзҳо эҷод кардаанд:

Бидон, к-аз забон аст мардум ба ранҷ,

Чу ранҷиш нахоҳӣ, суханро бисанҷ.

                                                      Фирдавсӣ

Пеш аз он ки забони худро тарбия кунӣ, қалбатро тарбия кун, зеро сухан аз дил ба забон мебарояд.    

                                                       Ҷалолуддини Балхӣ

Ақли кўтаҳ забони дароз дорад.

                                                          Аристофан

Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиям, ки ман имрўз бимирам.

                                    ***

Шахсе, ки забонро надониста шеър навиштанӣ мешавад, монанди девонаест, ки шиновар несту худро ба дарёи пурталотум меандозад.

Расул Ҳамзатов

Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ѓанию рангин дорад ва дар набардҳо баҳри ҳифзи ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша пирўз мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дўст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ – англисӣ, фаронсавӣ ва италявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шумурдаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷараёни босуръати нестшавии забонҳо дар замони муосир аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, ки ҳатто хатари нобудшавии забонҳои машҳури дунё ба миён омадааст, месазад, ки барои ҳифзи забони шевои тоҷикӣ ва мероси ниёгонамон чораҳои зарурӣ ва натиҷабахш андешида шавад.

Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки забонҳои нобудшаванда ва ҳатто мурдаро аз нав зинда кардан мумкин аст. Масалан, забони қадимаи ибрӣ, ки қадимтарин намунаи осори он ба асри XII пеш аз мелод рост меояд, тўли 18 аср ба гурўҳи забонҳои мурда дохил шуда буд ва аз он танҳо дар осори хаттӣ боқӣ монда буд. Бо кўшиши ворисони ин забон дар асри 20 он аз нав ба сифати забони давлатӣ ва гуфтугўии давлати Исроил мавриди истифода қарор гирифт.

  Коршиносон бар ин ақидаанд, ки ба раванди нестшавии забонҳо технологияҳои муосир ва воситаҳои ахбори омма низ таъсир расонида метавонад. Аммо ҳамин технологияҳои муосирро ҳам метавон бар нафъи забони худ ба кор бурд ва доираи истеъмоли онро васеъ кард. Масалан, як гурўҳ ҷавонон аз Тоҷикистон иқдоми некеро пеш гирифта фарҳанги комили тафсирии забони тоҷикиро ба шакли электронӣ даровардаанд, ки бо номи «Вожаҷў»  (https://vazhaju.com) машҳур гашта истодааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки фарҳанги мазкур барои имрўз, ки давраи технология ва иттилоот маҳсуб меёбад, барои ҳифзи забони тоҷикӣ андаке ҳам бошад, саҳмгузор хоҳад буд.

Барои боз ҳам хубтар ҳифз кардани он месазад, то аз ҷониби муассисаҳои илмӣ сомонаҳо ва барномаҳои нави электорнии саҳеҳ, китобхонаҳои электронӣ сохта шавад, то насли имрўз, ки тақрибан тамоми кори худро ба воситаи технологияҳои муосир анҷом медиҳанд, аз онҳо истифода намоянд.

Шобегим Маликшоева