Академик Мусо Диноршоев дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар бораи ӯ чӣ медонем ва чиро бояд донем?

Диноршоев Мўсо 7 ноябри 1934 дар деҳаи Арзинги водии Вахё (Тавилдара, ҳоло ноҳияи Сангвор) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1949-1954 донишҷўи Омўзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7 солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954-1959), донишҷўи факултети таъриху  филологияи  Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Солҳои (солҳои 1959-1962), ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, (солҳои 1962-1965), муаллим, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Душанбе, (солҳои 1965-1968), ходими  хурди илмии Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон (солҳои 1968-1986), мудири сектори таърихи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон буд. Ў сармуҳаррири Энсклапедияи Советии Тоҷик (солҳои 1986-1988), аз соли 1988 мудири шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон буд.

Мўсо Диноршоев муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик оид аст. Диноршоев дар осораш дар асоси сарчашмаҳо мавҷудияти анъанаҳои бои материалистиро дар фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику араб собит намуда, қонуниятҳои пайдоишу инкишофи фалсафаи Шарқи Миёнаву наздики асрҳои миёна, инчунин намояндагони мактабу равияҳои онро мавриди тадқиқ  карор додаст. Дар эҷодиёти Диноршоев тартибу таҳияи луғатҳои дузабонаи фалсафӣ ва тарҷумаи осори фалсафи мақоми хоса дорад.

Аз академик Диноршоев ва дар бораи ӯ чӣ ва дар куҷо хонем?

  • Асосҳои фалсафаи Марксистӣ-Ленинӣ: Китоби дарсӣ / Дар зери таҳрири М. Диноршоев., Н. Қулматов. – Душанбе: Ирфон,1976.
  • Ашуров, Ғ., Диноршоев, М. Ибни Сино // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе,1978. – Ҷ.2. – С. 523 – 527.
  • Компендиум филасофии Ибн Сины. – Душанбе: Дониш, 2010. – 341 с.
  • Диноршоев, М., Сафаров, Д. Ҳуқуқи гурезаҳо: Маҷмуаи таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Vizaprint, 2011. – 266 с.
  • Философия Насриддина Туси. – Душанбе, 2012. – 191 с.
  • Бозтоби  фалсафа дар  шеъри  Аскар Ҳаким. – Душанбе: Дониш, 2012. – 59 с.
  • Луғати русӣ ва тоҷикии  истилоҳоти фалсафа. – Душанбе, 2016. – 343 с.
  • Саҳми арзанда дар илми фалсафаи тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 11 январ.
  • Нақши Ғазолӣ дар фалсафа ва тасаввуф // Садои Шарқ. – 1972. – №2. – С. 146-150.
  • Сино ва Фахриддини Розӣ: Намояндагони ду равия ва ҳам зидди фалсафа ва калом // Садои Шарқ. – 1980. – №6. – С. 110-117.
  • Қуръони карим // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №3. – С.22-23.
  • Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX – XIV // Ҷумҳурият. – 2000. – 27 май.

Дар борааш

  • Диноршоев, М. Фалсафа ва ҳаёт: Суҳбати мухбир бо мудири сектори таърихи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон М. Диноршоев // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 27 май.
  • Султонов, М. Муҳаққиқи фалсафаи тоҷик: Аз фаъолияти кори номзади илми фалсафа М. Диноршоев // Газетаи муаллимон. – 1983. – 1 май.
  • Олимов, К., Муҳаммадхоҷаев, А. Олими пухтакор ва мураббии пуркор: Ба 60- солагии зодрўзии академики АИ Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор, сарвари Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон Мўсо Диноршоев // Нидои ранҷбар. – 1994. – 16, 22 декабр.
  • Самиев, А.,Шоисматуллоев, Ш. Шеваҳои навини пажуҳиши ҳаёти иҷтимоӣ: Бахшида ба 70- солагии файласуфи маъруфи тоҷик Мўсо Диноршоев // Ҷумҳурият. – 2005. – 5 январ.
  • Валиев, Ҷ. Мусо Диноршоев: Лавҳаи библиографӣ ба муносибати 80 – солагии зодрўзаш: Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014)  / Мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери назари Ш. Комилзода; Муҳаррир Ҷ. Раҷабов. – Душанбе: Бухоро. – 2014. – С. 238-242.
  • Идиев, Х.,  Қурбонов, Н. Файласуфи соҳибназар: Аз ҳаёт ва фаъолияти академик Мўсо Диноршоев // Ваҳдат. – 2014. – №18. – сентябр.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
мутахассиси шуъбаи
библиографияи милл
ии Китобхаи миллии Тоҷикистон

Теги: