Се фоҷеа аз беэҳтиётӣ. Яке 80 сол дошту дигаре 32 ва сеюмӣ ҳамагӣ 4-сола буд

Аз 5 то 6 майи соли 2023 дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале ҳодисаҳои нохуше, ки ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани ҳушдорҳои КҲФ иртибот доранд, сабт шуданд.

Пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд.

Идомаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

Дар доираи барномаҳои якмоҳаи мудофиаи гражданӣ тайи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб чорабиниҳо доир намуданд. Ин тадбирҳо як сислсила омӯзишҳо дар мавриди таъмини бехатариву амнияти наврасону навҷавононро дар мегиранд.

Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

мавсими оббозӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилоят дар минтақаҳои тафреҳии шоҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуданд.

Онҳо ҳамчунин дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузарониданд.

Оғози корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз офатҳо дар пойтахти кишвар (ВИДЕО)

Оғози корҳои таблиғотӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатариву таъмини амнияти шаҳрвандон дар ҳолатҳои фавқулодаи табииву техногенӣ дар байни аҳолӣ то охири моҳи майи соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ корҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода гузаронида ҳоҳад шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои рӯзҳои 6-7-уми май

боронҳои рӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду

Страницы