Хонаводаҳои осебдида аз сел кумакҳои башарӣ дарёфт мекунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28 августи соли равон идома медиҳад. КҲФ амалиёти муштаракро бо вазорату идораҳо ҳамоҳанг карда, дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумак мерасонад.

Чунончӣ, 5 сентябри соли 2023 КҲФ бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ/Бюрои кӯмаки башардӯстонаи USAID дар кишвари мо ба 400 хонаводаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Варзоб ва 63 хонавода дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дидаанд, кумакҳои башарӣ дар шакли маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, матрас, бвстаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об тақсим карда шуд.  

6 сентябри соли 2023 ба 68 хонаводаи осебдида дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кумакҳо дар шакли  маводи ниёзи аввалия, кӯрпаҳо, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об расонида шуд.  

Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки ҷараёни он таҳти назорати КҲФ қарор дорад.

барчасп: