Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу хоки рӯзҳои 11-13 сентябр
Чоп шуд: 08/09/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 сентябри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст. Он ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид мешавад.