Activities calendar

05 сентября 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД иштирок мекунад

5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Минск ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД бо иштироки роҳбарони сохторҳои наҷот баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии   раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкат мекунанд.

Қарор аст дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими механизмҳои...

Наҷоти як сокини кӯчаи Беҳзоди пойтахт аз дохили лифти бинои бисёрошёна

4 сентябри соли 2023 соати 21:43 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе лифт аз кор мондаву дар дохили он як бошандаи ин хона дармондааст.

Идома корҳои бартарафсозии оқибатҳои селҳои харобкор дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ваҳдат идома доранд. Барои ин кор воситаҳои техникӣ ва сокинони деҳоти ҷамоатҳои ҷалб шудаанд.

Шаҳри  Ваҳдат

4 сентябри соли 2023 дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд: