Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД иштирок мекунад

5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Минск ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД бо иштироки роҳбарони сохторҳои наҷот баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии   раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкат мекунанд.

Қарор аст дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар доираи СПАД-ро баррасӣ кунанд. Иштирокчиён инчунин натоиҷи машқҳои «Рок-2023», «Арктикаи бехатар-2023»-ро ҷамъбаст намуда, натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар давраи ҳисоботиро баррасӣ мекунанд ва нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли оянда тасдиқ менамоянд  

Гуфтанист, ки аз 1-ум то 6-уми сентябр дар Ҷумҳурии Белорус тамрини вижаи воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД «Рок-2023» ҷараён дорад, ки дар он наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон низ ширкат доранд. Дар машк инчунин дастаҳои наҷоти ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федерасияи Русияя иштирок доранд.

 Наҷотдиҳандагони СПАД малакаҳои вокуниши муштарак ба садамаҳои радиатсионӣ дар биноҳои харобшуда, рафъи садама бо мавҷудияти манобеъи радиатсияи иондор дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин анҷом додани корҳои наҷот дар маҳалҳои харобшавии биноҳоро тамрин мекунанд.  

Баргузории ин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД, таъмини илмию техникӣ ва омодагии  махсус мусоидат мекунад.

Дар доираи чорабиниҳо ҳайати намояндагони ҷумҳуриҳо аз қисми наҷоти сӯхторхомӯшкунии No30 ва кисми 23-и сухторхомӯшкунии шаҳри Минск дидан намуданд. Онҳо бо базаи моддию техникии ин ниҳодҳо шинос шуданд. Бо шароити хидмати хидматчиёни гарнизони Минск, инчунин таҷҳизоту воситаҳои фавқулода дар хидмати наҷотдиҳандагон, Осорхонаи оташнишонӣ ва наҷот ва Маркази таълимии бехатарии ҳаёти Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаро ошно шуданд. 

барчасп: