Хонаводаҳои осебдида аз сел кумакҳои башарӣ дарёфт мекунанд
Чоп шуд: 06/09/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28 августи соли равон идома медиҳад. КҲФ амалиёти муштаракро бо вазорату идораҳо ҳамоҳанг карда, дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумак мерасонад.