Ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози кишварҳои узви СПАД оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Минс баргузор шуд

5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус Вадим Синявский ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози кишварҳои узви СПАД оид ба ҳолатҳои фавқулода бо иштироки роҳбарони сохторҳои наҷоти ин кишварҳо баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сирим Шарипхонов, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон Бообек Ажикеев, вазири мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва рафъи офати табиии Федератсияи Русия Александр Куренков ва муовини Котиби генералии СПАД Валерий Семериков иштирок намуданд.

Рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳоеро дар бар гирифт, ки ба таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таҳти сарпарастии Созмон нигаронида шудаанд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён маълумот оид ба самаранокии иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи 13-ум қабулшуда ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз дар давраи ҳисоботиро шуниданд, натиҷаҳои машқҳои махсуси воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД "Сахра-2023", тамрини "Арктикаи бехатар - 2023"-ро ҷамъбаст карданд ва нақшаи чорабиниҳои муштарак дар соли 2024-ро баррасӣ намуданд.

Ба масъалахои таъмини илмию техникии фаъолият дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини омодагии бисёрзинаии махсуси кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бар асоси низомнома дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узви СПАД, раёсати ин шӯро барои соли 2024 ба Қазоқистон вогузор шуд ва вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сирим Шарипхонов раис интихоб шуд.  

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД тибқи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД аз 6 октябри соли 2007 бо мақсади таъсиси низоми ҳамоҳангшудаи вокуниш ба ҳолатҳои мураккаби фавқулода таъсис дода шудааст. Аъзои Шӯро роҳбарони мақомоти ваколатдор дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои узв мебошанд.

барчасп: