5 сентябри соли 2023 омӯзиши махсус барои наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СПАД бо номи “Сахра 2023” (“Скала-2023”) дар машқгоҳи бахши “Институти омодасозӣ ва такмили ихтисос”-и Донишгоҳи мудофиаи граждании ВҲФ Ҷумҳурии Белорус ба анҷом расид.
Наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар қисми намоишии воҳидҳои наҷотдиҳии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ “Сахра 2023” («Скала-2023»), ки дар рафти он ҳамкориҳои мутақобил ҳангоми роҳандозии амалиётҳои наҷот барарсӣ ва тамрин шуд, иштирок карданд.
Мавзуи ин тамринот рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионие буд, ки дар ҷараёни амалиёти муштараки Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъи СПАД рух додааст.
Онро роҳбарони сохторҳои наҷоти Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия – аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД, котиби давлатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ Александр Волфович, муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков, муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов, муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ветнам Нгуен Ван Лонг, инчунин сафирони фавқулода ва мухтори Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия тамошо карданд.
Иштирокчиён сенарияҳои гуногуни ҳолатҳои фавқулоддаро кор карда, дар 12 майдон маҷмӯи чорабиниҳои наҷоти фаврӣ анҷом доданд.