Ба зарардидагони ду ноҳияи шаҳри Душанбе дар селҳои охир кумак расонда шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди расонидани ёриҳо ба сокинони осебдидаи кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ идома медиҳад.

Ба шарофати вокуниши сареъ ва ташкили саривақтии ҳамкориҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳо аз офати табиӣ сари вақт кумакҳо расонида шуданд.

Аз ҷумла, 7 сентябри соли 2023 дар КҲФ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 68 хонаводаи осебдидаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт в 27 хонаводаи ноҳияи Сино, ки дар сели рӯзҳои 27-28 августи соли 2023 зарар дида буданд, кумак дар шакли маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, болину кӯрпаву бистар расонда шуд.

Ин ёриҳо бо иштироки Комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳои зарардида тақсим карда шуд.

барчасп: