30 соли КҲФ. Интиқоли аҳолӣ аз манотиқи пурхатар ба минтақаҳои бехатар

Тибқи таҳлилҳои ниҳоӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудааст (то соли 2021 – 1 471), ки қисми зиёди онҳо мавзеъҳои аз ҷиҳати селу обхезӣ, ярч, сангрезаву тарма хатарнок ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор дар ҷумҳурӣ 515 мавзеъҳои хатарноки аввалиндараҷа муайян карда шудааст.

Дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 887 хоҷагӣ бо шумораи 158 ҳазору 970 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, ки гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ зарур мебошад. Аз ҷумла, дар: ВМКБ – 140 мавзеъ, вилояти Хатлон – 46 мавзеъ, вилояти Суғд – 88 мавзеъ, НТҶ – 237 мавзеъ ва шаҳри Душанбе – 4 мавзеъ.

Сабаби кам шудани 262 минтақаҳои хавфнок нисбати соли 2021 ин кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои пурхатар ҳамчун муҳоҷирони экологӣ, гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ мебошад

Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №648 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021–2023» ҳамасола аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор чораҳои мушаххас андешида мешаванд

Дар асоси Фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2021, аз 8 июни соли 2022 ва аз 1 майи соли 2023 рӯйхати ҳоҷагиҳо тасдиқ гардида, дар соли 2021 – 214 хоҷагӣ, дар соли 2022 – 222 хоҷагӣ ва дар дар соли 2023 – 231 хоҷагӣ барои кӯчонидан ба нақша гирифта шуд, ки ҳамаи хоҷагиҳо бо замини наздиҳавлигӣ ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин гардиданд. Дар соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 225 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин гардидаанд. Аз ҷумла дар ВМКБ – 6 хоҷагӣ, дар вилояти Суғд – 60 хоҷагӣ, дар вилояти Хатлон – 91 хоҷагӣ ва дар НТҶ – 68 хоҷагӣ.

Дар асоси дархости Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ташкилоти Каритас[1]Швейтсария ба 6 оилаи муҳоҷирони экологӣ, ки аз мавзеъҳои хавфнок дар соли 2023 кучонида шуданд, дар мавзеи бехавфи деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Зарафшон 3 хонаи духуҷрага ва 3 хонаи сеҳуҷрага дар давоми соли 2023 ба маблағи умумии 1 млн. 920 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон 6 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар ин манзилҳо истиқомат доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин таҷриба маротибаи аввал амалӣ гардида, дар мавриди бо натиҷаҳои хуб ноил гардидан дар оянда низ дар дигар ноҳияҳо лоиҳаи мазкур татбиқ карда мешавад.

барчасп: