Таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

6 сентябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти КҲФ, мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Комитет ширкат доштанд.

Муовини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода ҷамъомадагонро ба муносибати рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборакбод кард ва таъкид намуд, ки истиқлол барои халқи тоҷик яке аз дастовардҳои муҳимтарину беҳтарин мебошад ва барои миллат ва кулли сокинони кишвар арзиши воло дорад. 

Мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд, ки панҷ нафар аз зумраи кормандони Кумита бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарафроз гардонида шуданд.  

 Ҳамчунин зумрае аз кормандони пешсаф ва хидматкардаи Кумита, инчунин онҳое, ки дар мусобиқоти варзишӣ миёни вазорату идораҳои кишвар шарафи Кумитаҳо ҳимоя карданд ва дастовардҳо доштанд, бо мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Дар ин рӯзҳо дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни асосии миллии кишвар – Рӯзи истиқлол ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегарданд.

Чунончӣ, дар Раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Раёсати таъминоти моддӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Баромадкунандагон дар бораи дастовардҳои 32 соли Истиқлол ибрози назар намуда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва тантанаҳои замони Истиқлол арзишманд ва қобили ситоиш донистанд.

Дар ин ҷаласаҳо табрикоти Раиси Кумита ба ҳайати шахсӣ ва кормандони Кумита қироат шуд.

Бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин дар қисмҳои низомии КҲФ чорабиниҳо баргузор мешаванд.

барчасп: