Саволҳо ба Раиси Кумита

Хонандагони азиз, корбарони муҳтарам!
Акнун Шумо имкон доред бо генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоси мустақим дошта бошед ва саволҳои худро аз ин тариқ равон кунед. Суолҳои шуморо на мо, балки худи генерал дарёфт мекунанд ва посухи суолро аз ин ҷо хоҳед хонд. Яъне, мо бароятон он имконеро фароҳам овардем, ки шумо дигар садҳои километр роҳро тай карда, ба пойтахт наоед, балки хеле осон ба саволи мавриди ниёзи худ посух гиред.
Пас чиро метавонед бипурсед?
Аввал ҳар чизеро, ки ба фаъолиятҳои ин Кумита иртибот дорад.
Ва баъдан, ҳар суолоеро роҷеъ ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда доред.
Ва дигар: Шояд аз вазъи хатарноки деҳа ё маҳалли зисти худ ё хешовандонатон дар ташвишед ва мехоҳем масъалагузорӣ кунед? Марҳамат: кӯшед сабаби ташвишу изтиробатонро дақиқ  баён кунед ва ҳадафатонро рушан иброз доред.. Суроға бояд хеле мушаххас бошад, то мутахассисони Кумита ба маҳаллатон эъзом шаванд ва вазъро омӯзанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ”.
Ва боз: Шояд пешниҳоде дар мавриди беҳтар кардани корҳои наҷот доред? Метавонед он пешниҳоди худро низ унвони Раиси Кумита ирсол кунед ва Шумо ҳатман посух дарёфт хоҳед кард.
Ва ниҳоят: Шояд мехоҳед аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар маҳаллатон ибрози назар кунед ё эрод доред ё аз хадамоти кормандони Кумита розиед. Дар ҳар сурат Шумо хеле озодона фикратонро метавонед нависед.
Хулоса, ин саҳифа саҳифаи муколамаи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сокинони кишвар хоҳад буд.
Дар навбати худ мо ҳам талош мекунем посухҳо сари вақт интишор ёбанд, то шумо дурудароз интизор нашавед.

Инак, суроғае, ки Шумо метавонед суолоти худ ё дархосту пешниҳодатонро ирсол кунед:

savol@khf.tj