Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат болоравии дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо бино ба гузориши манбаъ ҳаво то ба 40 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Ҳалокати як кӯдак дар садамаи мошин ва марги як наврас дар об

Рӯзи 1 июни  соли 2023, соати 17:20 дақиқа аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолаттҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар кӯли “Мехкарйер”-и маҳаллаи Чимтеппа як ноболиғ ғарқ шудааст.

Бо дарёфти хабар дастаи ғаввосону наҷотдиҳандагони

Хабарҳои рӯзи гузашта: Садамаи мудҳиш дар Чоряккорон, ҳалокати ноболиғон

 Садамаи мудҳиш

30 майи соли 2023 тахминан соати 08:20 дақиқа дар ноҳияи Рӯдакӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки ба як сокини 27-солаи деҳаи Мирзочӯли ҷамоати деҳоти Чорякарон тааълуқ дошт ва аз ҷониби як хонандаи синфи 9 идора мешуд, ба контейнери канори роҳ бархӯрдааст.

Дар ин ҳодисаи мудҳиш ронанда бар асари ҷароҳати сахт дар ҷойи ҳодиса фавтидаст, ду писари дигари соҳиби мошин дар канали Ҳисор афтода, ғарқ шудаанд. 

Се хабари рӯзи гузашта

21 майи соли 2023, тахминан соати 15:00 дақиқа як сокини 42-солаи   деҳаи Куҳнақурғани ҷамоати деҳоти Г. Бердибоеваи ноҳияи Мурғоб нопадид шудааст. Бино ба гуфтаи пайвандонаш вай барои овардани чорвои худ ба самти дарёи Ак-суу рафта буд ва муддатҳои гузашта аз ӯ дарак нест.

Ин ҳама рӯзҳо ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби сокинони деҳа идома...

Бо ҳам дар пайроҳаи саломатӣ (ВИДЕО)

27 майи соли 2023 бо мақсади татбиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушд ва таблиғи варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони КҲФ дар боғи Алишери Навоии шаҳри Душанбе сайругашти  ҷамъӣ бо хатсайри махсус  - терренкур, ки онро “пайроҳаи саломатӣ” низ меноманд, гузарониданд.

Терренкур лафзи фаронсавии terrain — ҷой, макон...

Страницы