22 сентябри соли 2023 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи васеи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо, ки нозирони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо мебошанд, дар маҷмӯъ 60 нафар ширкат доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои “Барномаи давлатии миёнамуҳлат оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025” баррасӣ шуда, гузоришҳои вазорату идораҳо оид ба пешгӯии падидаҳои хатарноки обуҳавошиносӣ, мушоҳидаҳои равандҳои хавфноки экзогению геологӣ, оид ба иҷрои тадбирҳои пешгирии офатҳои табиӣ ва корҳои муҳофизати соҳилҳо, бехатарии мактабҳо ва муассисахои тиббй, таъминоти илмию техникии лоиҳакашй ва сохтмон, оид ба бехатарии гурӯҳҳои сайёҳӣ ва кӯҳгардон ҳангоми боло шудан ба қуллаҳои кӯҳҳо, хатсайрҳои хавфноки кӯҳӣ, оғози ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар Тоҷикистон, инчунин татбики барномаҳо ва лоиҳоҳое, ки барои коҳиши хатари офатҳо дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, аз ҷумла лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд, Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа байни аъзоён ва иштирокчиёни Платформаи миллӣ ва масъалаҳои истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки 15 созмони байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии миёнамуҳлати коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025” ба фаъолияти муштарак оғоз карданд.
Ин мулоқот бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таъсис дода шудааст.