Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023 аз 19 то 20 сентябри соли 2023 дар байни кормандони соҳаи нақлиёт вилояти Хатлон ва дар китобхонаи ба номи Шамсидин Шоҳин, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ёрии амалӣ ва методӣ расониданд.
Дар рафти чорабиниҳо кормандони соҳаи нақлиёту роҳи вилояти Хатлон ва китобхона бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ», инчунин иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шинос карда шуданд.
Дар ин чорабинӣ 36 нафра кормандони ташкилотҳои номбурда ширкат карданд.