Идомаи кумак ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз  офатҳои табиӣ ва иҷрои фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода шуруъ аз 5 –уми августи соли 2024 ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ соли ҷорӣ пурра ва қисман  зарар дида буданд, аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ маводи ғизоӣ, ҷиҳози рӯзғор ва масолеҳи сохтмонӣ равона карда шуд.

Қарор аст кумакҳои мазкур ба оилаҳои зарардида аз офоти табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Ховалинг, Роғун, Шаҳринав ва Рӯшон дастрас ва дар ҳузури Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои номбурда  ба оилаҳои осебдида тақсим карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар асоси фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 143,5 ҳазор сомонӣ ва 15,0 ҳазор сомонӣ ба оилаҳое, ки дар ин офатҳо ҳалокшудагон доранд, кумаки яквақтаинаи моддӣ аз фонди хароҷотҳои пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Айни замон корҳо ҷиҳати сохтмони хонаҳои навбунёд барои зарардидагони ноҳияҳои Нуробод, Сангвор ва Фархори вилояти Хатлон бо истифода аз маводи ҷудогардида идома дошта, таҳти назорати КҲФ қарор доранд. Дар муҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сохтмони хонаҳои навбунёд дар қитъаҳои замини ҷудогардида, ба роҳ монда мешавад.

барчасп: