Қобили қайд аст, ки Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои такмил ва мукаммалсозии низоми ягонаи мақомоти идоракунии фаврӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода диққати махсус зоҳир менамоянд.
Бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ ва техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009 - 2014” қабул гардида буд, ки дар доираи он як қатор техника ва таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ гардиданд.
Ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии Кумита, то имрӯз дар доираи лоиҳаҳо оид ба “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари фалокатҳо ва эътино", ки аз ҳисоби Фонди Трастии Федератсияи Русия, Ҳукумати Ҷопон, Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномами умумиҷаҳонии озуқавории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтарии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, ташкилотҳои байналмилалии «Актед», «Оксфам» ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидаанд, охири соли 2017 ва соли 2018 ба Кумита 41 адад техника ва 196 номгӯи таҷҳизоти наҷотдиҳӣ дастрас гардиданд.
Сохторҳои Кумита бо техникаю таҷҳизотҳои ҳозиразамони садамавӣ-наҷотдиҳии истеҳсолоти Русия, Ҷпония, Олмон ва Корея ҷиҳозонида шуданд.
Кумита муваффақ гардид, ки соли 2018 бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба мустаҳкам намудани иқтидори заминаи моддӣ-техникӣ ба имзо расонида, нимаи дуюми соли 2019, 106 номгӯй техникаҳои махсуси муҳандисӣ, автомашинаҳо ва таҷҳизоту лавозимоти махсусро қабул намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки заминаи моддӣ-техникии он пурқувват гардад.
Бо ин мақсад, барои ҳалли вазифаҳои муҳими соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 № 284, “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” тасдиқ гардид, ки барои амалигардонии тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мусоидат намуд.
Роҳбари давлат дар баробари дастгириҳои худ дар назди Кумита вазифаҳои мушаххас гузоштаанд, ки баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳудуди кишвар ва иншоотҳои муҳими стратегии мамлакат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
Бо иҷрои супоришҳои Cарвари давлат Кумита имконият пайдо кард, ки ҳифзи аҳолии кишварро таъмин намуда, дар кӯмаку дастгирии шаҳрвандони мамлакат ҷойи худро дар баробари дигар сохторҳои кишвар устувор намояд.
Саҳму дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мавқеи хоса дошта, дар рушду нумӯӣ давлати соҳибистиқлоламон ҳамчун саҳифаи нави таърихӣ сабт мегардад.
Бо истифода аз китоби “30 солагии
мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон”, Душанбе, 2024.
Таҳияи Б.Шафеъ