Ҳалокати се ноболиғи дигар. Сабаб беназоратии онҳо аз ҷониби волидон

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва се ҳодисае ба қайд гирифта шуд, ки анҷоми фоҷеавӣ дошт. Се тифл дар об ғарқ шудаву ҳар се ба ҳалокат расиданд. Онҳо аз 14 то 3 сол доштанд. Ҳамаи онҳо дар назди махзанҳои об бе назорати волидон қарор доштанд.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои...

Хабарҳои рӯзи гузашта: заминларза, ҳалокати ноболиғ ва ҳамлаи хирс ба чорво

Бино ба ахбори фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, як ҳодисаи нохуш дар об ва ҳамлаи хирс ба рамаи ҳайвонот ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли равон соати 18:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ҳашар дар Хатлон ба хотири омодагӣ ба селҳои эҳтимолӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ селроҳаҳо, ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳоро аз ҳар...

Мулоқоти генерал Назарзода бо Арно Вики

Ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ бо сарварии Ҷонишини ёвари директори генералӣ, Роҳбари департаменти кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи давлатҳои Кариб ҷаноби Арно Вики доир шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯи 12-уми май. Чӣ бояд кард? Чанд тавсияи муҳим

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари тағйири боду ҳаво рӯзи 12-уми майи соли равон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Страницы