майи 2024

КҲФ: Хатари омадани сел, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу ярч то 22-май боқӣ мемонад

Гузориши мухтасар аз селҳои ду рӯзи охир ва ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии кишвар.

Вилояти Хатлон. Ноҳияи Фархор

19 майи соли 2024 тахминан соати 07:30 дақиқа бар асари боронҳои шади рӯзҳои 18-19 май болоравии сатҳи оби рӯди

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари

Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумита

Конфронси илмӣ-амалӣ

17 майи соли 2024 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, мероси миллӣ ва ҳудуди кишвар аз офатҳои табиӣ” баргузор шуд.

Вазъ дар кишвар шабонарӯзи гузашта

Боронҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар сабабгор омадани селҳо дар баъзе манотиқ шуд. Ин селҳо хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти зиёд надоштанд.

Чунончӣ, 15 майи соли 2024 бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз теппаҳо сел омад. Ин селҳо ба сойи байни деҳаҳо, 12 иншооти ёрирасон, саддҳои ҳимоявӣ роҳҳои мошингарди маҳаллӣ

КҲФ: Хатари офатҳои табиӣ то 22-уми май боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 22 майи соли 2024 дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон хатари омадани селҳо, резиши сангу ярч боқӣ мемонад.

18 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳи тобеъи ҷумҳурӣ: шаҳри

Боз як наврас, ки мехост дар ин ҳавои боронӣ чукрӣ чинад, ба ҳалокат расид

15 майи соли  2024 наздик ба соати 19 як сокини 13-солаи деҳаи Сорбоғи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо мақсади ҷамъоварии чукри ба кӯҳе рафт, ки дар наздикии деҳаи онҳо ҷойгир буд.

Бар асари борони пуршиддат замин лағжонак шуда буд. Ин писарибача ҳангоми чукричинӣ лағжид ва ба дарёи Кофарниҳон сарозер шуда, ғарқ гардид. 

Селҳои рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар

Соли 2024 соати 19:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба асари боронҳои пуршиддат аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел омад. Дар натиҷа лойю лойоба ва сангу рег роҳи мошингарди деҳаро баст. Барои анҷоми корҳои рафъи ҳолати ба миёномада техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шуд ва соати 20:26 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои пуршиддат, селҳо ва раъду барқи рӯзҳои 18-19-уми май

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 17 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои гарду ғубор боқӣ мемонад, аммо 18 май боронҳои пуршиддат меборанд ва ва раъду барқ ва бориши жола низ эҳтимол дорад.

Мулоқот бо ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

15 майи соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарии муовини директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Биволро ба ҳузур пазируфт.

Раиси Кумита ба Хазинаи Кӯдакони СММ барои кумаку дастгирии башардӯстона ба аҳолии аз офатҳои табии рухдода дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ дар кишвар изҳори сипос намуд.

Боз як наврас ғарқи об шуд. Ин ҳодиса рӯзе қабл дар Ҳисор рух дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ҳоло мавсими оббозиву шиноварӣ ва истироҳат дар соҳили обҳо фаро нарасидааст ва аз волидон хоҳиш карда буд фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳодисаҳоие рух

Мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ

14 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баргузор шуд.

КҲФ: Эҳтиёт кунед, тӯфони гарду ғубор!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2024 бинобар тағйирёбии обу ҳаво дар навоҳии марказӣ ва ҷанубии  вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Страницы