Гузориши мухтасар аз селҳои ду рӯзи охир ва ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии кишвар.
Вилояти Хатлон. Ноҳияи Фархор
19 майи соли 2024 тахминан соати 07:30 дақиқа бар асари боронҳои шади рӯзҳои 18-19 май болоравии сатҳи оби рӯди Ёхсу ба қайд гирифта шуд. Оби хориҷшуда аз соҳилҳои маъмулӣ 30 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархорро зери об кард. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фоаолият дошта корҳои бартарафсозии паёмадҳои офат идома дорад. Ҳамчунин ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
Ноҳияи Восеъ
18 майи соли 2024 наздикии соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ шаш нафар сокинони деҳаи Гулдараи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бар асари болоравии сатҳи об дар миёнаи дарёи Ёхсу мондаанд ва роҳи баромад ба соҳилро аз сабаби баландии сатҳи оби рӯдхона наёфтанд.
Барои аз миёни дарёи пурхӯруш ба соҳил овардани сокинон кормандони наҷоти шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навоҳии минтақи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса расида, муддати 6 соат як амалиёти имдодрасонии пурхатарро анҷом доданд.
Наҷотдиҳандагони бо ёрии ресмонҳо як пули муваққатӣ сохтанд, ба шахсони миёни обмонда худро расондаву ба ҳар кадомашон либоси наҷот пӯшонданд ва ба соҳил оварданд.
Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
НТҶ. Ҳисор
18 майи соли 2024 дар қаламрави деҳаи Кӯҳнабойи ҷамоати деҳоти Ҳисор сатҳи оби дарёи Кофарниҳон боло рафта, бар асари он ба ҳавлии муассисаи таълимӣ, нуқтаи тиббӣ, 7 гектар зироати кишоварзӣ ва ҳавлии 23 сокини деҳа об ворид шудааст.
19 майи соли 2024 дар натиҷаи боронҳои пайдарпай аз селроҳаи деҳаи Шерхони ҷамоати деҳоти Қалъаи шаҳри Ҳисор об хориҷ шуда, ҳавлии муассисаи таълимӣ ва се гектар замин кишти хоҷагии Сунбула зери об кардааст. Барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохуш шӯрои деҳоти маҳал ба соҳилҳои осебпазир 12 девори оҳанубетонӣ ва сангҳои калонҳаҷм гузоштанд.
Ноҳияи Шаҳринав
18 майи соли 2024 дар натиҷаи боронҳои шадид болоравии сатҳи оби рӯзи Қаратоғ мушоҳида шуд. Дар натиҷа, хатари зери об мондани манзилҳои сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ба миён омад. Барои пешгирй кардани ин вазъият бо як техникаи вазнин маҷрои дарьё тағйир дода шуда, аз зери об мондани биноҳои истиқоматӣ пешгирӣ шуд.
Ноҳияи Рӯдакӣ
19 майи соли 2024 гурӯҳи кории кормандони масъули КҲФ ва дигар вазорату идораҳо зимни сафар ба ноҳияи Рӯдакӣ муайян карданд, ки ҳангоми боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок боло рафтаву ба хоҷагиҳои сокинони маҳаллӣ зарар расондааст.
Дар деҳаҳои Адолат, Гулобод, Комсомол ва Шафақи ҷамоати деҳоти Зайнобобод таҳхонаҳои 2 бинои истиқоматӣ, 58 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва инчунин 74 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти мазкур зери об мондааст.
Дар маҳаллаи Румии ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзода сел 50 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва 40 гектар замини кишоварзиро зери об кардааст.
Дар ҳудуди деҳаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Чоргултеппа сел 200 метр соҳили чапи дарёи Элокро шуст. Ҳамчунин дар ин мавзеъ бахше аз бинои маҷмааи шиноварӣ ва ду сутун қисман осеб дидаанд. Дар ҷои ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят кор мекунад.
Шаҳри Ваҳдат
Боришоти шадид дар деҳоти шаҳри Ваҳдат боиси омадани сел гардид. Ҳамин тариқ, сел соҳили рӯдхонаи маҳаллиро байни деҳаҳои Чорбоғ-2 ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чуянгарон зери об карда, ба ҳавлии сокинони маҳал даромадааст.
Дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов, Б.Бурунов, Чӯянгарон, А.Абдулвосиев ва Гулистон таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода шаҳри Ваҳдат бо кормандони КҲФ дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ тадбирҳо меандешанд.
19 майи соли 2024 зимни ҳашар дар ҳудуди маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розик бо истифода аз як воҳиди техникаи Кумита роҳи байнидеҳаии рустои Симиганҷ дар масофаи 330 метр тоза карда шуда, соҳили дарёи Симиганҷ мустаҳкам карда шуд.
Аз ҷониби Муассисаҳои давлатии роҳи шаҳр бо истифода аз ду адад техникаи махсус аз ҷамоати деҳоти Явроз то маҳаллаи Хушон дар самти роҳи Ваҳдат-Ромит аз гил ва санг тоза карда шуданд.
Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел дар минтақаҳои Нуробод ва Сангвор идома доранд.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки то 22-юми майи соли 2024 хатари омадани сел, резиши сангу рег, ярч ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.
То ҳадди имкон эҳтиёт бошед!