17 майи соли 2024 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ, мероси миллӣ ва ҳудуди кишвар аз офатҳои табиӣ” баргузор шуд.
Дар конфронс роҳбарияти КҲФ, сарварони воҳидҳои пешбари Кумита, инчунин 10 нафар намояндагони вазорату идораҳо, академияҳо ва донишкадаҳои кишвар ширкат варзиданд.
Муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода дар суханронии худ нақши калидии Пешвои миллатро дар ташаккули идораи наҷоти кишвар, таҳкими мубориза зидди офатҳои табиӣ ва ташаккули сохторҳои мудофиаи гражданӣ қайд намуда, оид ба таърихи ташаккули Кумита маълумот дод.
Иштирокчиён дар маърӯзаҳои худ оид ба рушду дастовардҳои Кумита дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳа маълумот доданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, академияҳо ва донишкадаҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани худшиносӣ дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 буд.
Дар конфронс аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истифодаи захираҳои оби олам, пешгирӣ аз об шудани пиряхҳо ва ғайра сухан рафт.
Зимнан зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиш ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об саҳми бузург доранд. Бо ибтикори Сарвари давлат аз соли 2000 то имрӯз Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об як қатор қатъномаҳо қабул кардааст. Дар ин давра Тоҷикистон борҳо ба як минбари ҷаҳонии баррасии масоили об табдил ёфтааст. Асосгузори тамоми ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.