Мулоқот бо ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

15 майи соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарии муовини директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Биволро ба ҳузур пазируфт.

Раиси Кумита ба Хазинаи Кӯдакони СММ барои кумаку дастгирии башардӯстона ба аҳолии аз офатҳои табии рухдода дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ дар кишвар изҳори сипос намуд.

Дар навбати худ ҷаноби Бивол низ барои ташкили вохӯрӣ сипосгузорӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда ҳамкориҳо боз ҳам наздиктару судмандтар хоҳанд шуд.

Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки барои мактаббачагон барои баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар самти рафтори дуруст дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шавад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти Фонд дар сатҳи кишварро оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва афзалиятҳои рушди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои Кумита ва СММ-ро баррасӣ намуданд.  

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ ва анҷоми корҳо оид ба рафъи онҳо таъкид карданд.

барчасп: