14 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баргузор шуд.
Сарвари КҲФ дар бораи ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо Маркази Шоҳ Салмон (Бунёди Шоҳ Салмон)-и Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба дастгирӣ ва кӯмаки башардӯстона сухан гуфт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва оилаҳои осебпазир, идомаи маблағгузории сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ, дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ барои корҳои ҳаррӯза баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита тавсеъаи равобити Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудиро дар ин замина муҳим арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки КҲФ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Ҷаноби Сафир дар навбати худ итминон дод, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома медиҳад.
Дар рафти сухбат аз руи масъалаҳои барои ҷонибҳо судманд дар рушди ҳамкориҳо барои коҳиши хатари офатҳои табодули афкор намуданд.