Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 22 майи соли 2024 дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон хатари омадани селҳо, резиши сангу ярч боқӣ мемонад.
18 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳи тобеъи ҷумҳурӣ: шаҳри Душанбе (Лучоб, Худҷамбиё, Чорбоғ, Фурудгоҳ, километри 9-ум), шаҳр ва ноҳияҳо (Норак, Роғун, Ваҳдат - махусусан Симиганҷ, Ромит, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Қаратоғ), шарҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Даштиҷум), шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд (Пенҷекент, Айнӣ, Масчои Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич), ҳамчунин ғарби ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ) хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раъду барқ ва боридани жола дар назар дошта шудааст. Щарорати р=зонаи щаво аз 7 то 9 дараыа поён меравад.
Рӯзҳои 17-22 майи соли 2024 болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) пешбинӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.
Сокинон аз қабл бояд каналу ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна сангу регу хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел роҳи гузар дошта бошад ва ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.