Вазъ дар кишвар шабонарӯзи гузашта

Боронҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар сабабгор омадани селҳо дар баъзе манотиқ шуд. Ин селҳо хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти зиёд надоштанд.

Чунончӣ, 15 майи соли 2024 бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз теппаҳо сел омад. Ин селҳо ба сойи байни деҳаҳо, 12 иншооти ёрирасон, саддҳои ҳимоявӣ роҳҳои мошингарди маҳаллӣ зарар расонд. Ҳамчунин лойоба таҳхонаи бинои истиқомаи 4 сокини минтақаро пур кард.

Аҳолии зарардида сари вақт ба маконҳои амн интиқол дода шуданд. Роҳи мошингарди Ромит-Варва бо сангу регу шағал пур шуд ва ҳаракати нақлиёт номумкин гардид.

Барои роҳандозии корҳои поксозии роҳи байни Ромин ва Варва ва таҳкими соҳили сой ҳукумати шаҳри Ваҳдат як техникаи муҳандисӣ ҷудо кард. Дар натиҷа роҳ аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. Корҳои тоза кардани соҳилҳои рӯди Чордара аз сангу рег идома доранд. 

Бар асари боронҳои пуршиддат шаби 17-уми майи соли равон қисман фурӯ рехтани роҳ дар километри 9-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Ляхш, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти А.Абдулвасиев мегузарад, ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа ҳаракати нақлиёт якҷониба таъмин карда шудааст. Ҳамчунин сел 200 метр соҳили дарёи Шӯракро шуста, пули деҳаи Шури Поёни ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Исмоиловро вайрон кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати бартараф ва барқарорсозии манотиқи зарардида тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Минтақаҳои осебдида таҳти назорати доимии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр қарор доранд. Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

18 майи соли 2024, соати 00:10 дар деҳаи Кӯфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боришоти шадид  сел  роҳи мошингарди Шоҳин-Дарвозро баст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.  Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

18 майи соли 2024, соати 03:00 дар километри 140-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ляхш, ки аз ҳудуди деҳаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад, ки дар айни замон роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста мебошад. Боришоти пай дар пай роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатро душвор мекунанд.  

КҲФ ёдовар мешавад, ки хатари сел, ярч, сангрезӣ ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, то 22 майи соли 2024 боқӣ мемонад.

Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дгар эҳтиёткор бошанд, ба тавсияҳои иодраву вазоратҳои дахлдор гӯш диҳанд. 

барчасп: