майи 2024

КҲФ: Ҳавошиносон рӯзҳои оянда ҳавои номусоидро пешгӯӣ мекунанд. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 дар як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ (шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод...

Санҷиши омодагии пазириши истироҳаткунандагон дар тафреҳгоҳҳои соҳилии вилояти Суғд

То оғози мавсими оббозй ва тафтиши ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолй кори тартиб додани системаи пешгирй аз ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолӣ кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилии махзанҳои об дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расуловро санҷиданд ва омодагии онҳо ба қабули истироҳанкунандагони мавсими оббозиро аз назар

Шабонарӯзи гузашта ду ноболиғ дар об ғарқ ва ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо идома дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз сокинон хостааст дар рӯзҳои боронӣ аз анҷоми корҳои саҳро, ғунучини доруворӣ дар доманакӯҳҳо, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ дар соҳили обҳо худдорӣ кунанд. Мутассифона, на ҳамеша ба тавсияро таваҷҷуҳ мекунанд. Чунончӣ, бар асари ҳамин гуна бепарвоӣ шабонарӯзи гузашта ду ҳодиса ба марги ду наврас анҷом

Наҷоти гаришгароне, ки худсарона мехостанд аз дарёе, ки пули мошингузараш хароб шуда буд, гузаранд

5 майи соли 2024 соати 7:30 дар қаламрави деҳаи Хумдони ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа пули мошингузаре, ки ноҳияи Нуробод ва Сангворро ба ҳам мепайваст, ба масофаи 0,6 км хароб шуд. Ҳаракати мошинҳо ба ду самт қатъ гардид.

Вале гурӯҳи гардишгароне, ки ба самти ВМКБ равона буданд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби кормандони БДА-и ВКД дар ноҳияи...

КҲФ: Хатари омадани селҳо вуҷуд дорад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 6 майи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон,  ҳамчунин  ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди Хатлон, ки яке фарҷоми фоҷеавӣ дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона яке аз он фарҷоми фоҷеавӣ дошт.

5 майи соли 2024 як сокини 47-солаи деҳаи Питов-2 ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба дарёи Ёхсу афтод ва ғарқ шуд.

Селҳои ду рӯзи гузашта. Се нафар ҷони худро аз даст доданд

Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, рӯзҳои 4 -5-уми майи соли равон дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боронҳои шадид омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.

Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 чоп шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи навбатии солонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ бо дастгирии молиявии САҲА омода шудааст, нашр кард.

Дар Шарҳ таҳлили муфассали ҳолатҳои фавқулоддаи дар соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мулоқот бо сарвари Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO)

3 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо Директори генералии Дафтари минтақавии Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) дар Осиёи Марказӣ   Ҷаноби Ҷун Такахаши баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст баррасии масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ буд.

Воҳидҳои КҲФ соҳиби техникаи нав шуданд

Барои анҷоми саривақтии корҳои садамавиву наҷт, рафъи паёмадҳои офаттҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ба ихтиёри як қатор воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои махсус супурда шудан.

Чунончӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ...

КҲФ ва шарикони байналмилалии рушд ба офатзадагон кумак расонданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии рушд, аз қабили Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, ки бар асари омадани селҳо зарар диданд, кумак расонд.

Ҳашар дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб. Сокинон худро ба омадани селҳо аз қабл омода мекунанд

Як роҳи пурсамари таъмини амнияти шаҳрвандон аз хатари селу ярч сари вақт омода шудан ба он аст. Зарфи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо аҳолии шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он ҳашар ташкил карданд ва дастаҷамъона ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва налҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву лойю сангу рег тоза карданд.

Страницы