Селҳои ду рӯзи гузашта. Се нафар ҷони худро аз даст доданд

Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, рӯзҳои 4 -5-уми майи соли равон дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боронҳои шадид омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.

5 майи соли 2024 боронҳои шадид боиси омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ гардид. Мутаассифона, ин офати табиӣ сабаби ҷон аз даст додани се нафар шуд.

Чунончӣ, 5-уми майи соли 2024 соати 04:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар як қатор деҳаҳои ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмонаи Розик, Чӯянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои Ғалаба дар маркази шаҳр сел омада, дар натиҷа пулҳо, сарбандҳои муҳофизатӣ, каналҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, роҳҳои маҳаллӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, ва иншоотҳои ёрирасони онҳо зери об мондаанд. Сокинони ҷамоатҳои зери хатар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ фавран оғоз гардида, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр ҳаҷми зарари расида ба аҳолиро  муайян мекунад.

Инчунин, 5-уми майи соли 2024, соати 04:50 дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бар асари боришоти шадид аз маҷрои сел омада, боиси фаромадани сел гардид. Дар натиҷаи омадани сел заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва шоҳроҳи деҳа зери об мондаанд.

 Бо мақсади шиносоӣ бо вазъ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муштарак бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар идораҳо Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба ҷойи ҳодиса сафар кард. Наҷотдиҳандагони Кумита ва техникаи муҳандисии вазнин барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи паёмадҳои офати табиӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳаҷми зарари расидаро Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Варзоб муайян мекунад. Мутаассифона дар ин офати табиӣ ду нафар ҷони худро аз адст доданд, ки яке 40 ва дуюмӣ 67 сол дошт. 

5-уми майи соли 2024 соати 11:05 дар маҳаллаи Сабзазор, кӯчаи Деҳнаваки ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе, дар натиҷаи боришоти шадид болоравии сатҳи оби дарёи Харангон ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа маҷрои дарё тағйир ёфт ва як қисми соҳили дарёро ба масофаи 45—50 метр шуст. Барои анҷом додани корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба ҷои ҳодиса як адад техникаи вазнини муҳандисӣ сафарбар карда шуд.

Ҳамчунин дар пайи боришоти зиёд сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб боло рафт. Дарё маҷрои худро тағйир дод, ки дар натиҷаи ин об соҳили чапи дарёро тақрибан 50—60 метр шуст.

Дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ омадани сел ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 28 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Навобод зери об мондааст. Дар айни замон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Комиссии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Боришоти шадид дар ҳудуди ду ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор боиси омадани сел гардид. 72 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Навобод ва М.Турсунзодаро об пахш кард. Дар ҷои ҳодиса Комиссияи ҳолати фавқулодаи шаҳр кор мекунад.

5-уми майи соли 2024, тахминан соати 14:10 дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав сатҳи об боло рафт. Дар натиҷа роҳи байни деҳаро об зер кард. Ҳамчунин, дар ин рӯз, тахминан соати 14:10 оби рӯдхонае, ки аз болои деҳаи Файзбахш ҷорӣ мешавад, аз соҳилаш берун шуд ва ба заминҳои наздиҳавлигӣ, таҳхонаҳои биноҳои истикоматӣ ва заминҳои кишоварзии деҳа вориш шуд. Дар ҷамоатҳои зарардидаи вилоят корҳои бартарафсозии оқибатҳои он бо истифода аз ду мошини обкаш идома дорад.

 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 7:30 сел пули мошингарди роҳи Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб кард. Ҳамчунин, дар километри 21-уми деҳаи Дашти Ғурк ва 39-уми деҳаи Рубоднол, километри 18 ва 5-уми шоҳроҳи Лаби-ҷар - Сангвор борон боиси зери об мондани роҳҳо гардид. Дар натича роҳ муваққатан баста шуд.  

Тахминан соати 03:30 дақиқаи 5 майи соли 2024 дар деҳаҳои Тиятош, Зағекртут, Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа  50-метр роҳи мошингард аз лой пур шуд. Бо истифода аз 1-адад Мехлопата дар якҷоягӣ бо кормандони роҳсозии шаҳр то соати 12:00 роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.  

Соати 16:00 дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара бар асари боришоти шадид сел ба амал омад ва ҳудуди 1700 метр шоҳроҳи Бохтар-Данғара – тарафи рости минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ҷӯйборҳо, симҳои барқ ​​ва хатҳои алоқаро қисман зери об кард. 

Бар асари боришоти шадид вилояти Суғд низ зарар дид. 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 17:30 бегоҳӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа, як духтари 20-сола, сокини деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар сел ҳалок шуд. Ҷасади ӯро кормандони шуъбаи КҲФ дар Истаравшан пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

 Бар асари боришоти шадид дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таҳхонаи як бинои истиқоматӣ ва се иншооти ёрирасон зери об шуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сел пули деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Деҳмойро фаро гирифта, ҳаракати нақлиётро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба мушкил рӯбарӯ кард.

Сел заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Муҷуни ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичро зери об кард.

Дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон об ба таҳхонаи бинои истиқматии 29 сокини деҳа ворид шуд.

  5 майи соли 2024, тахминан соати 09:06 дар натиҷаи боришоти шадид дар километрҳои 286 ва 326 шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Куф ва Шикефи ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел омад. Бо саъю кӯшиши кормандони хадамоти роҳ роҳ тоза ва харакати наклиёт баркарор гардид.

барчасп: