Қоидаҳои бехатарӣ. Дар ҳоли ихроҷ шудани газ чӣ бояд кард?
Вақте дар хона бӯи газро ҳисс мекунед, аввалин коре кунед бояд он бошад, ки ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш намоед. Сигор дуд накунед, гӯгирд назанед. Дониста бошед: ҲАР ГУНА ШУЪЛА, ҲАТТО АГАР ХУРД ҲАМ БОШАД, ХАТАРИ АЗИМ ДОШТА МЕТАВОНАД!
На танҳо ошхона ё утоқе, ки баллони газ ё хати газ ҷойгир аст, балки кулли утоқҳои хонаро аз назар гузаронед, ҳама тирезаҳоро боз кунед. Баъдан фавран аз хона хориҷ шавед ва то рафтани бӯйи он ворид нашавед.
Агар пай бурдед, ки касе аз атрофиёнатон аз газ заҳролуд шудааст, фавран ӯро ба ҳавои тоза баред, тавре хобонед, ки сараш боло бошад. Ва дарҳол мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед.
Агар бӯи газ бартараф нашавад, фавран хадамоти садамаи газро даъват намоед (маъмулан бо телефони “04”). Дар ҳоли зарурат метавонед ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефони умумии “112” муроҷиат кунед.
Ҳама намуди газҳои табиӣ манбаъҳои хатар барои инсонанд. Аммо бештар аз намудҳои дигар гази метан ва гази моеъ (дар баллонҳо), ки дар рӯзгор аз он бештар истифода мешавад, хатар дорад. Ин газҳо дар ҳоли ихроҷ шудан одамро нафастанг мекунанд, заҳролуд менамоянд ва ба зудӣ метарканд. Аз ин рӯ, ҳатман қоидаҳои муносибат бо онҳоро бояд донист.
Бо баллонҳои газдор чӣ гуна бояд муносибат кард?
Шояд дар кишвар кам бошанд хонаводаҳое, ки аз баллонҳои газ истифода накунанд. Ҳатто дар хонаҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳрӣ ҳам аксарият ин гуна баллонҳо доранд ва истифода мебаранд, чун назар ба барқ арзонтар ва шуълаи муносибе барои пухтупаз дорад. Аммо баллоннигоҳдорӣ ҳам қоидаҳои хоси худро дорад, ки риояи онҳо таъмини бехатарӣ мешавад. Ба сурати мухтасар ин қоидаҳо чунинанд:
- Дар хона баллони газро дар ҷойе нигоҳ доред, ки ҳаводаро дошта бошад ва дар сурати ягон ҳодиса рух додан, газ роҳи баромад ба берунро ёбад. Онро ҳаргиз дар ҷойи танг ва дар таҳхона нигоҳ надоред.
- Ҳамеша кӯшиш кунед он аз назди ҳар гуна асбобҳои барқӣ дур бошад, гармии электроплита ба он нарасад.
- Аз нури сӯзони офтоб пинҳон кунед, бахусус дар тобистон, ки дамо басо гарм аст, баллони газ бояд ҳамеша дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ бошад.
- Барои пайвастани баллони газ ба плитаи газ аз рӯдаи резинии чандир, ки на бештар аз як метр дарозӣ дошта бошад, истифода намоед. Нагузоред, ки он қаду рост шавад ва сабаби тарқиш ё шикоф гардад.
- Танҳо ба мутахассисони соҳибтахассусу таҷрибадори соҳа бовар кунед ва иҷозат диҳед, ки таҷҳизоти газии шуморо таъмир кунанд.
- Баллонҳое, ки онҳоро истифода намекунед, хоҳ пур аз газ бошанд ва хоҳ холӣ, берун аз хона нигоҳ доред.
- Ҳангоми тайёр кардани хӯрок назорат кунед, ки оби ҷӯш ё равғани доғ ба оташ нарасад.
- Вақте пухтупазро ба охир мерасонед, бадиққат бошед: ҳамеша мили онро маҳкам кунед. Онро ҳамеша тоза нигоҳ доред. Агар дидед, ки равған рехтааст ё чизи дигар, баъди анҷоми кор оҳиставу боназокат онро пок кунед.
- Аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ, аз ҳар гуна нохӯшиҳо дурӣ ҷӯед!
Бо такя ба матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ таҳияи Б.Шафеъ