Санҷиши омодагии пазириши истироҳаткунандагон дар тафреҳгоҳҳои соҳилии вилояти Суғд

То оғози мавсими оббозй ва тафтиши ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолй кори тартиб додани системаи пешгирй аз ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолӣ кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилии махзанҳои об дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расуловро санҷиданд ва омодагии онҳо ба қабули истироҳанкунандагони мавсими оббозиро аз назар гузарониданд.

Кормандони Раёсати КҲФ ҳамзамон бо масъулни тафреҳгоҳҳои наздисоҳилӣ вохӯрданд ва бо онҳо дар мавриди таъмини бехатарии истироҳанкунандагон ҳамсуҳбат шуданд.

Ҳадафи ин вохӯриҳо пештар аз оғози мавсим омода шудан ба қабули истироҳаткунандагон аст.

Кормандони Раёсати КҲФ дар бораи ҳолатҳое, ки бо риояи қоидаҳои одии бехатарӣ аз фоҷиа дар об пешгирӣ кардан мумкин аст, нақл карданд.

Ҳамзамон наҷотдиҳандагон шеваҳои кумакрасонӣ ба афроде, ки ғарқ мешаванд, амалан намоиш доданд. Ҳамчунин расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон низ намоиш дода шуд. 

барчасп: