Наҷоти гаришгароне, ки худсарона мехостанд аз дарёе, ки пули мошингузараш хароб шуда буд, гузаранд

5 майи соли 2024 соати 7:30 дар қаламрави деҳаи Хумдони ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа пули мошингузаре, ки ноҳияи Нуробод ва Сангворро ба ҳам мепайваст, ба масофаи 0,6 км хароб шуд. Ҳаракати мошинҳо ба ду самт қатъ гардид.

Вале гурӯҳи гардишгароне, ки ба самти ВМКБ равона буданд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби кормандони БДА-и ВКД дар ноҳияи Нуробод манъ карда шуда буданд, талош карданд аз рӯдхона убур кунанд. Дар натиҷа ду мошини онҳо дар миёни дарё монд ва на имкони пеш рафтан дошту на пас гаштан.

Имдодгарони  Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод якҷо бо кормнадони хадамоти роҳ бо ёрии техникаи муҳандисии Вазорати нақлиёт мошинҳои дар миёни дарёмондаро берун кашиданд.

Сайёҳон наҷот дода шуданд.

Кормнадони КҲФ бо онҳо ҳамсуҳбат шуданд ва дар бораи паёмадҳои нохуши эҳтимолии ин худсарӣ нақл карданд. Аз онҳо даъват шуд, ки минбаъд ба тавсияҳои мутахассисон, масъулини хадамоти роҳ ва кормандони БДА гӯш диҳанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро ба хатар наяндозанд. 

барчасп: