Як роҳи пурсамари таъмини амнияти шаҳрвандон аз хатари селу ярч сари вақт омода шудан ба он аст. Зарфи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо аҳолии шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он ҳашар ташкил карданд ва дастаҷамъона ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва налҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву лойю сангу рег тоза карданд.
Чунончӣ, дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда бо истифода аз 8 адад техникаи вазнини муҳандисӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб 1470 метри мукааб корҳои заминканӣ анҷом дода, сойи Даҳана аз сангу шағал тоза карда шуд. Ҳамзамон тавасути техникаҳои боркаш 780 м3 сангу шағал аз дохили сойи мазкур бароварда шуд, ба масофаи 200 мтр сангу шағали кашонидашуда дар роҳи болои сойи мазкур ҳамвор карда шуд.
Инчунин дар тарафи рости пули мошингузари самти фурудгоҳ 5-адад тахтасангҳои оҳану битонӣ хобонда шуд.
Дар ҷамоати деҳоти Кўлоб мавзеи деҳаи Лағмон-2 самти дарёчаи Кўлоб бо ҷалби 1-адад эксватор, 1-адад мехлопата ва 3-адад автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон” 2025 м3 корҳои заминӣ иҷро карда шуд .
Инчунин дар маҳалаи Хаттӣ роҳ аз дохили Девонасой бо ҷалби 1-адад эксватор ва 6-адад автомашинаҳои боркаши тамғаи “Камаз” ва “Дулон” кашонидани сангу шағал ба миқдори 288 м3 аз дохили сойи мазкур бароварда шуд. Дар маҳалаи Суғдиёни шаҳри Кўлоб бо ҷалби 1-адад автомашинаи тамғаи “Камаз”, 1-адад эксватор 4 маротиба партобҳои дохили канали Бештигирмони боло тоза карда шуд.
2 майи соли 2024 бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани ҳолати фавқулода ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Панҷ деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад, бо ҷалби 6 адад техникаи муҳандисӣ, 1 адад мехлопата, 7 адад мошинҳои боркаш, 1 адад кран ва 1 адад экскаватор барои кашонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба мавзеъи мазкур сафарбар карда шуда, бо мошинҳо 13 маротиба сангу шағал ба мавзеи мазкур кашонида шудааст.
Худи ҳамин рӯз корҳои бартарафсозӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳиявӣ ва аҳолии ҷамоати мазкур, барои тоза намудани МТМУ №4 ва роҳҳои байни деҳа ба масофаи 320 метр аз лойу гил тоза карда шудаааст. Дар поксозии мавзеъҳои мазкур, 3 адад мехлопата, 6 адад мошинҳои боркаш сафарбар гардидааст.
Инчунин, 90 нафар аҳолии ҷамоати мазкур ва 30 нафар кормандони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуда, бо мошинҳо 12 маротиба лойу гили ҷамъшуда аз мавзеъи аз офати таббии зарардидаи ҷамоати мазкур берун бурда шуд.
Барои гузаронидани корҳо дар шоҳроҳи автомобилгарди ноҳияҳои Ховалинг ва Восеъ аз тарафи МДНРА-и ноҳия 1 адад мехлопата, 1 адад мошини боркаши КАМАЗ ва 7 нафар коргарони муассисаи мазкур ҷалб карда шудааст.
Санаи 2 майи соли 2024 корҳои бартарафсозӣ дар мавзеъҳои аз офати таббиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Чилча, деҳаи Шибанай бо истифода аз 1 адад экскаватор, 1 адад Дулан соҳили дарёи Сурхоб бо дарозии 60 метр садди муҳофизатӣ барқарор шуда, 40 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ хобонида шудааст.
Ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ санаи 2 майи соли 2024 барои гузаронидани корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон деҳаи Калтачанори Оби Мазор бо техникаҳои МДНРА ноҳия ба миқдори 42 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ хобонида шудааст.
Барои роҳандозии ин корҳо дар маҷмуъ беш аз 800 нафар ҷалб карда шуданд.