Ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди Хатлон, ки яке фарҷоми фоҷеавӣ дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона яке аз он фарҷоми фоҷеавӣ дошт.

5 майи соли 2024 як сокини 47-солаи деҳаи Питов-2 ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба дарёи Ёхсу афтод ва ғарқ шуд.

Ҷасади ин мард аз ҷониби сокинон пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.

Ҳодисаи дуюми нохуш дар ҳудуди Сиёҳфарқ, ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг рух дод. Як сокини 37-солаи ин деҳа ҳангоми ҷамъоварии алафҳои дорувор ба зер афтод. Ӯ бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон бистарӣ шуд.    

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзли таслият ба хонаводаи марди ғарқшуда аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш аз рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо ҷиҳати ғунучини ҳезуму рустаниҳои дорувор ҷиддан худдорӣ кунанд.

барчасп: