Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи навбатии солонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ бо дастгирии молиявии САҲА омода шудааст, нашр кард.
Дар Шарҳ таҳлили муфассали ҳолатҳои фавқулоддаи дар соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ва натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи Кумита оид ба ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави кишвар аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ оварда шудааст.
Илова бар ин, дар маҷалла маълумот оид ба пешгирӣ, пешгӯӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои вобаста ба иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, натиҷаҳои кори КҲФ ва мудофиаи гражданӣ оид ба ҷустуҷӯ ва наҷот додани одамоне, ки дар натиҷаи садамаҳои табиӣ ва техногенӣ осеб дидаанд, инъикос ёфтааст.
Дар Шарҳ инчунин тадбирҳо оид ба таҳкими иқтидори КҲФ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда инъикос ёфтааст.
Ин Шарҳ қарор аст ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шавад.
Маҷаллаи электронӣ бо фармати PDF дар инҷо дастрас карда метавонед