Воҳидҳои КҲФ соҳиби техникаи нав шуданд

Барои анҷоми саривақтии корҳои садамавиву наҷт, рафъи паёмадҳои офаттҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ба ихтиёри як қатор воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои махсус супурда шудан.

Чунончӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ, Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, Хадамоти мубориза бо жола, шӯъбаи Кумита дар ноҳияи Шаҳринав тамғаи «Toyota Hilux» ва яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ мошини тамғаи Isuzu шуданд. 

Ин мошинҳо дар доираи лоиҳаи муштараки Кумита – «Лоиҳаи миллии КҲФ ва БОР оид ба идораи офатҳои табиӣ» харидорӣ шуданд. 

Воситаҳои техникии муосир сатҳи ёриҳои фавриро боло бурда, боиси беҳтар шудани сифати корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот мегарданд. 

барчасп: