14 июли соли 2024, соати 00:15 дақиқа дар натиҷаи боришоти шадид дар километрҳои 9,8 шоҳроҳи Рағун-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз мавзеъи Паси Мураҳо мегузарад, ярч роҳро баст.
Барои рафъи паёмадҳои ин офат техникаи махсуси муҳандисӣ ва кормандони хадамоти роҳи шаҳр ҷалб карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шудааст.
14 июли соли 2024 соати 11:20 дар натиҷаи боришоти шадид дар километри 237-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмуди ноҳияи Шоҳин мегузарад, сели азим сабабгори баста шудани роҳ шуд.
Барои бартараф намудани оқибатҳои он 1 адад техникаи хадамоти роҳи вилоят ҷалб шуд ва соати 13:10 дақиқа роҳ барои ҳаракати мошинҳо имконпазир гашт.
14 июли соли 2024, соати 17:30 дақиқа як сокини 13-солаи деҳаи Сартуғи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар баҳри тоҷик ғарқ шудааст. Ҷасади наврасро дарёфт ва ба комаандони милитсияи ноҳия супурданд.
Ҳамчунин, дар давоми 24 соати охир наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандони барои рафъи хатари дарахтони бар асари офатҳои ахир хатарнокшуда ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ва омили ин хатарҳоро аз байн бурданд.