Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 6 майи соли 2024 дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва аз онҳо бо эҳтиром даъват менамояд, ки барои таъмини амнияту бехатарии худ чораҳои зарурӣ андешанд.
Барои пешгирӣ аз паёмадҳои селҳо сокинонро лозим меояд сари вақт ҷӯву заҳрбуру каналҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то об роҳо озодона равон шудан дошта бошад.
Кумита ҳамчунин хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, ба доманакӯҳҳо барои ғунучини дорувор ва ҳезум, чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.
Ронандагон ва шахсони дӯстдори кӯҳгардӣ бояд ба тавсияҳо диққат диҳанд ва беҳтар он аст, ки дар чунин рӯзҳо дар ҷадвали ҳаракати худ вобаста ба вазъи обу ҳаво дигаргуниҳо ворид созанд.
Аз сафарҳои безарурат даст кашидан як шарти таъмини амният аст.