Се ғарқшудаи рӯзҳои охир. Яке ҳамагӣ 11 сол дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ва технигенӣ сабт нашуд. Вале мутаассифона, боз ҳам аз бетаваҷҷуҳии падару модарон ва риоя нашудани қоидаҳои шиновариву оббозӣ аз ҷониби калонсолон дар обҳои кишвар се ҳодисаи марги одамон дида шуд, ки як нафари онҳо наврас буд.

Чунончӣ, 20 августи соли 2023 соати14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз канали “ВД-з” як сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини  ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар об ғарқ шуд ва ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро сокинони маҳалли пайдо ва ба волидонаш супурданд. 

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави шаҳри Ваҳдат рух дод. 20 августи соли 2023 соати 18:30 дақиқа як сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод – 3, ҷамоати деҳои Гулистон ҳангоми оббозӣ дар каналаи байнидеҳавӣ ғарқ гардид.

Баъди дарёфти хабар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Корҳи ҷустуҷӯи ҷасад то соати 23:50 дақиқа идома дошт, вале бе натиҷа. Субҳи имрӯз, 21 август талошҳо барои пайдо кардани ҷасади ғарқшуда аз сар гирифта шуданд.  

Ҳодисаи сеюм дар шимоли кишвар рух дод. 19 августи соли 2023 соати 14:00 як сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷ ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар Ҳафткӯл, воқеъ дар рустои Рашнаи Поёни ҷамоати деҳоти деҳаи Шинг аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ гардид. 

20 августи соли 2023 ғаввосон Раёсати махсусгардондашудаи  хадамоти ҷустуҷӯву наҷоти Кумита барои пайдо кардани ҷасади ғарқшуда равона карда шуданд. Корҳои ҷустуҷӯи ғарқшуда ҳамоно идома доранд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолии кишвар муророҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Волидон набояд фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба соҳи обҳо равона кунанд. Ҳамеша фарзандони худро назорат кунед! 

барчасп: