Қадршиносии сокини ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҷасорат
Чоп шуд: 17/08/2023 | redaktorҲамчуноне хабар дода будем, 28 июли соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел омад, ки ба аҳолӣ ва иқтисоди ноҳия зарар расонд.
Селоби бузург ҳамроҳ бо лойю лойоба ва сангу сангреза дар маркази деҳа ду сокини русто, яке Идибой Ҳалимови 75-сола ва Азизҷон Мерганзодаи 7-соларо бурд.